АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ИСТИҚЛОЛ, КАФИЛИ АМНИЯТ ВА СУБОТИ ДАВЛАТ
Имсол аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол сипарӣ мегардад. Артиши миллӣ зодаи даврони истиқлол буда, дар яке аз марҳилаҳои ҳассостарину мураккаби таърихи давлатдории тоҷикон бунёд ёфтааст. Солҳои аввали таъсисёбии он барои кишвар давраи пурихтилоф, ноором ва сарнавиштсоз ба шумор мерафт. Дар он айём шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ маҳдуд, имкониятҳои моддиву техникӣ кам ва вазъи сиёсию амниятӣ ниҳоят печида буд.
Бо вуҷуди ин, иродаи қавии роҳбарияти давлат ва ҳисси баланди ватандӯстии фарзандони содиқи миллат имкон дод, ки Артиши миллӣ тадриҷан ташаккул ёбад ва имрӯз ба як неруи тавонои муҳофизи истиқлолият, сулҳу субот ва якпорчагии кишвар табдил гардад. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ рушд ёфта, имрӯз бо ифтихор ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд.
Маълум аст, ки ҳеҷ як давлат бидуни неруи муҳофизатгар бақои устувор дошта наметавонад. Аз ин рӯ, яке аз иқдомҳои муҳим ва тақдирсози Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад. Зеро баробари ба даст овардани истиқлол кишвар ба буҳрони шадиди сиёсиву амниятӣ рӯ ба рӯ гардид, ки метавонист хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нопадид шудани давлатро ба миён оварад. Дар чунин шароит ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлолият ва якпорчагии арзӣ танҳо бо такя ба Артиши миллӣ имконпазир буд.
Гарчанде дар солҳои 1991–1992 барои таъсиси Артиши миллӣ як қатор санадҳои муҳим, аз ҷумла фармонҳо дар бораи таъсиси Горди миллӣ, Кумитаи мудофиа, Горди халқӣ ва Вазорати мудофиа қабул гардида бошанд ҳам, бинобар вазъи мураккаби сиёсӣ ва амниятӣ амалӣ гардидани онҳо ба таври пурра имконнопазир буд. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеии ташкили Артиши миллӣ фароҳам омад. 18-уми декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шурои Олӣ «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон» қабул гардид, ки асоси ҳуқуқии бунёди ин ниҳоди муҳими давлатӣ гардид.
Хидмати бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ дар он зоҳир мегардад, ки дар шароити ниҳоят мушкил, вақте гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва қувваҳои зиддидавлатӣ фаъол буданд, тавонистанд стратегияи дақиқи ташкили Артиши миллиро муайян ва амалӣ намоянд. Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон, бар хилофи баъзе кишварҳои собиқ шуравӣ, дар «ҷойи холӣ» бунёд ёфт, аммо имрӯз он қодир аст кишварро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳимоя намояд.
Қадамҳои аввалини ташкили Артиши миллӣ бо таъсиси Бригадаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ 5-уми декабри соли 1992 гузошта шуданд. Баъдан, қабули санадҳои муҳими ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонун «Дар бораи мудофиа», Қонун «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи савганди ҳарбӣ ва дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ заминаи қонунии фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳро таҳким бахшиданд.
Дар солҳои минбаъда Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷинояткор, террористиву экстремистӣ, пешгирии ошӯбҳои мусаллаҳона ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокорона анҷом дода, ба як неруи боэътимоди ҳарбӣ табдил ёфтанд.
Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон аз неруҳои заминӣ, неруҳои ҳавоӣ, қувваҳои махсус, дифои ҳавоӣ, гвардияи миллии президентӣ ва дигар воҳидҳои амниятӣ иборат буда, бо афсарону мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин мебошад. Ҳамзамон, ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бо зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, сатҳи омодагии ҷангӣ ва касбии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста боло меравад.
Агар имрӯз мардуми кишвар дар фазои сулҳу амният зиндагӣ дошта бошанд, ин самараи заҳмати шабонарӯзии афсарону сарбозон аст, ки марзу буми Ватанро содиқона ҳифз мекунанд. Онҳо бо фидокорӣ роҳати худро барои осоиши ҷомеа қурбон намуда, намегузоранд, ки ягон неруи бадхоҳ амнияти кишварро халалдор созад.
Дар тули 33 соли соҳиблашкарӣ, Артиши миллӣ рисолати муқаддаси худро сарбаландона иҷро намуда, имрӯз низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба савганди ҳарбӣ вазифаи бошарафи ҳимояи Ватанро адо менамояд. Мардуми шарафманди Тоҷикистон ба неруи сипоҳи кишвар эътимоди комил доранд ва ҳамин боварӣ боис гардидааст, ки ҳазорон ҷавон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд.
Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлол содиқ монда, шарафу номуси ҳомии миллати тоҷикро мардона ҳифз хоҳанд кард.
Собирова Мавзуна – корманди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Собирова Мавзуна – корманди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон